Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд 27 июли соли 1992 барқарор шудаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ҳамзамон Сафорати ғайримуқими кишвар дар Подшоҳии Нидерланд маҳсуб мешавад.
Қароргоҳи Сафорати Подшоҳии Нидерланд дар Тоҷикистон дар ш. Остона Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Николаас Схермерс (аз 15.03.2024) мебошад.
Муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар дар марҳилаи густариш қарор доранд. Тоҷикистон Нидерландро шарики муҳими худ дар арсаи Аврупо ва байналмилалӣ дониста, ба густариши муносибатҳои байни кишварҳои мо дар заминаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба манфиатдор аст.
Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд аз қабили абзорҳои муҳими робитаҳои ҳар ду кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳамкориҳои давлатҳои мо дурнамои хуб доранд ва ҷониби Тоҷикистон хоҳони истифодаи фарогири имкониятҳои истифоданашуда аст. Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии ҳарду кишвар динамикаи мусбӣ касб намудааст.
Дар соли 2024 ҳаҷми тиҷорати мутақобила зиёда аз 135 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод.
Ба мақсади тақвият ва густариши робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ Подшоҳии Нидерланд Консулгарии фахрии худро дар Душанбе ифтитоҳ кардааст.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Нидерланд дар бахши илм ва маориф асосан тавассути барномаи Эразмус+ ва дигар барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монда шудаанд. Илова ба ин, Ҳукумати Нидерланд ҳамасола ба дипломатҳои ҷавон барои гузаштани давраҳои омӯзишӣ дар яке аз беҳтарин марказҳои сиёсию дипломатӣ - Академияи дипломатии Клингендали Шоҳигарии Нидерланд бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо менамояд. Дар Подшоҳии Нидерланд ҷамъияти тоҷикони муқими он кишвар таҳти унвони "Анҷумани Сомониён" аз соли 2016 фаъолият карда истодааст.
Тоҷикистон ва Нидерланд узви як қатор созмонҳои байналмилалӣ буда, миёни кишварҳо дар чаҳорчӯбаи СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби Нидерланд дастгирӣ ёфта, 22-24 марти соли 2023 Тоҷикистону Нидерланд Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028-ро дар Ню-Йорк баргузор намуданд.
22 марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорк бо Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр мулоқот карданд.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ду давлатро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.
17.03.2025