Вазири корҳои хориҷӣ фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистонро ба ҳузур пазируфт

03.02.2025 14:39

3 феврали соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассонро ба ҳузур пазируфт.

Гуфтугӯи судманд дар масоили марбут ба вазъи Афғонистон, инчунин ҳамкории ҷонибҳо дар самти муқовимат бар зидди таҳдиду чолишҳои замони муосир сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои мухталиф ва дурнамои он табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим