Иштирок дар ҷаласаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ

04.02.2025 13:13

3 феврали соли 2025 дар шаҳри Теҳрон муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар ҷаласаи якуми Кумитаи сатҳи баланди муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат варзид.

Зимни нишасти мазкур масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СҲИ, татбиқи ҳадафҳои «Чашмандози СҲИ 2025» ва имкониятҳои такмили механизмҳои фаъолияти созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар суханронии худ И.Насредин мавқеи Тоҷикистонро оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи СҲИ баён намуда, омодагии ҷониби моро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноату кишоварзӣ ва муҳити зисту сайёҳӣ иброз кард.  

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим