Нишасти 6-уми намояндагони вежаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон

05.02.2025 12:41

​​​​​​

5 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе нишасти 6-уми намояндагони вежаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон баргузор шуд.

Дар рафти ҷаласаҳо атрофи вазъи кунунии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Афғонистон ва инчунин рӯйкарди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар робита ба расонидани кумакҳо ба Афғонистон табодули назар сурат гирифт.

Вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон, бахусус ҳукуқи занону духтарон дар ин кишвар ва чолишу таҳдидҳои амнияти минтақа низ мавриди таваҷҷуҳ ва баррасии иштирокдорони нишаст қарор доштанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим