19.03.2025 18:27

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд
- котиби сеюми раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ –1 ҷой;
- атташеи раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ –1 ҷой;
- котиби сеюми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ – 2 ҷой;
- котиби дуюми шуъбаи муассисаҳои хориҷии раёсати кадрҳо – 1 ҷой;
- котиби сеюми бахши иттилооти махсуси раёсати кадрҳо – 1 ҷой;
- котиби сеюми шуъбаи таҳлил ва пешбинии сиёсати хориҷии раёсати тадқиқоти стратегӣ – 1 ҷой;
- котиби сеюми шуъбаи Созмони Милали Муттаҳиди раёсати созмонҳои байналмилалӣ – 1 ҷой;
- котиби сеюми шуъбаи масъалаҳои умумиҳуқуқии раёсати шартномавӣ – ҳуқуқӣ – 1 ҷой;
- котиби сеюми шуъбаи таҳияи сафарҳо ва маросимҳои раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой;
- котиби сеюми шуъбаи аккредитатсия ва кор бо корпуси дипломатии раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой;
- котиби сеюми – шуъбаи иттилооти умумии раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 1 ҷой;
- атташеи шуъбаи назорати коргузории раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 1 ҷой;
- атташеи шуъбаи иттилооти умумии раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 1 ҷой;
- атташеи бахши бойгонӣ ва нигоҳдории асноди раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 1 ҷой;
- котиби сеюми шуъбаи маблағгузорӣ ва назорати молиявии раёсати молиявӣ – 1 ҷой;
- атташеи раёсати корҳо – 2 ҷой;
- котиби сеюми шуъбаи комиссияи миллии ЮНЕСКО – 1 ҷой;
- атташеи - шуъбаи комиссияи миллии ЮНЕСКО – 1 ҷой.
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби атташе – 2320,00 сомонӣ;
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби сеюм – 2320,00 сомонӣ;
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби дуюм – 2560,25 сомонӣ;
ДИҚҚАТ!!!
ДАР ОЗМУНИ МАЗКУР ТАНҲО ДОВТАЛАБОНЕ ИШТИРОК КАРДА МЕТАВОНАНД, КИ ДОРОИ СОБИҚАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ АЗ 2 ТО 3 СОЛ ВА Ё СОБИҚАИ УМУМИИ МЕҲНАТИИ АЗ 3 ТО 4 СОЛРО ДОРАНД.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
котиби сеюм ва атташе
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
- маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
котиби сеюм

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли
мансаби котиби дуюм
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
- маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.
Талаботи иловагӣ нисбати ҳамаи довталабон
- донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
- донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
- малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;
- малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии кишвар, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
- дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар;
- унвони илмӣ, нашри мақолаҳои илмию тахассусӣ ва маводҳои таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима барои иштирок дар озмун
1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи вазири корҳои хориҷӣ (Word);
2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (Word);
3. Тарҷумаи ҳол (Word);
4. 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;
5. Нусхаи шаҳодатномаи таваллуд;
6. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;
7. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
8. Асл ва нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (бо нишон додани собиқаи меҳнатӣ);
9. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
10. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
11. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
12. Тавсифнома аз ҷойи кор;
13. Маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
14. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
15. Нусхаи билети ҳарбӣ (шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд, маълумотнома аз комиссариати ҳарбӣ дар хусуси дар қайд будан);
16. Гувоҳинома (сертификат) дар бораи донистани забони хориҷӣ;
17. Парванда (папкафайл, дело).
Номгӯи саволҳои эҳтимолӣ барои озмун (PDF)
Дастурамалҳои мансабӣ (PDF):
Эзоҳ:
Довталабоне, ки забони давлатӣ, русӣ ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд намедонанд ва бастаи ҳуҷҷатҳоро пурра пешниҳод намекунанд, ба озмун роҳ дода намешаванд.
Ҳуҷҷатҳо то санаи 21 апрели соли 2025 қабул карда мешаванд.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шероз 33
Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ:
221-15-61, 221-15-16, 227-54-56