Ҷаласаи Кумитаи машваратии роҳбарони хадамотҳои ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ

12.06.2025 17:00

 

11 июни соли 2025 дар Душанбе дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ ҷаласаи 38-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамотҳои ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Кумитаи машваратӣ роҳбарон ва коршиносони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ атрофи масъалаҳои мубрами соҳаи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ дар доираи ИДМ баррасӣ ва табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим