Мулоқот бо вазири саноат ва тиҷорати Баҳрайн

04.07.2025 09:30

 

 

3 июли соли 2025 дар Манома мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн  (қароргоҳ дар Риёз) Акрам Каримӣ бо вазири саноат ва тиҷорати Баҳрайн  Абдуллоҳ Фахру баргузор гардид.

Дар мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Баҳрайн дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва нақлиёту логистика баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо дар бораи роҳҳои афзоиши гардиши савдо миёни ду кишвар табодули назар карданд.

Дар ин замина,  баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Баҳрайн оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ муҳим дониста шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим