Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон

07.07.2025 16:24

​​​​​​​

7 июли соли 2025 дар шаҳри Токио мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон  Матсумото Ҳисаши баргузор гардид.

 Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии об, маориф ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.

 Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар омодасозии чорабиниҳои муҳим дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» зоҳир гардид.

Зимни суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои ҳасана ва судманди ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус СММ ва сохторҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим