Муносибатҳои Тоҷикистон бо Швейтсария
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария 9 декабри соли 1992 барқарор шуданд.
Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ҷаноби Шерализода Шараф Аҳмадҷон мебошад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар шаҳри Женева ҷойгираст.
Сафири Фавқулодава Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Салман Бал мебошад. Иқоматгоҳи Сафорати Швейтсария дар шаҳри Нур-Султон ҷойгир аст.
Аз соли 2001 Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар ш.Душанбе фаъолият менамояд. Директори Дафтари мазкур хонум Саломе Штайб (аз моҳи октябри 2020) мебошад.
Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳои расмӣ)
Абзорҳои гуногуни муколамаи сиёсӣ, аз ҷумла машваратҳои сиёсӣ, муколама оид ба ҳуқуқи инсон, мулоқотҳои дуҷонибаи ҳайатҳои расмии кишварҳо ва мубодилаи сафарҳои расмӣ ба тавсеаи ҳамкориҳои дӯстии Тоҷикистону Швейтсария саҳми арзандаи худро мегузоранд.
26 июни соли 2000 дар чаҳорчӯби баргузории ҷаласаи 24-ми сессияи махсуси СММ дар ш.Женева Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Швейтсария Адолф Оҷи вохӯрд.
Моҳи декабри соли 2001 дар чаҳорчӯби Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии САҲА Вазири корҳои хориҷӣ Т. Назаров бо Вазири корҳои хориҷии Швейтсария мулоқот намуд.
Моҳи апрели соли 2002 Вазири корҳои хориҷии Швейтсария ба Тоҷикистон ташриф овард.
28 июни соли 2003 дар чаҳорчӯби Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Швейтсария Паскал Кушпен мулоқот намуд.
8 декабри соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими расмӣ оид ба воридшавии Тоҷикистон ба СУС 10 декабри соли 2012 ба ш Женева ташриф овард.
26 апрели соли 2013 ҳайатирасмии Конфедератсияи Швейтсария таҳти роҳбарии Котиби давлатии Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Швейтсария - Ив Россие ба Тоҷикистон ташриф овард. Сафари мазкур дар чаҳорчӯби ташриф ба панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ҷиҳати муайян намудани соҳаҳо афзалиятноки ҳамкорӣ дар давраи раёсати Швейтсария дар САҲА дар соли 2014, барпо гардид. Зимни ин сафар ҷ-би Россие бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.
5-7 сентябри 2019 сафари кории Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Мулоқотҳои расмии номбурда бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон, Вазири корҳои хориҷӣ С. Муҳриддин барпо гардиданд.
5-6 ноябри 2019 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария барпо гардид. Зимни сафар мулоқотҳои расмӣ бо Президенти Швейтсария Ули Маурер, шаҳрдори Берн Алек фон Граффенрид, Раиси Шурои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан, Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор”, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкорону сармоягузории Швейтсария анҷом ёфтанд.
Ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария дар соли 2022 - 393 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар нуҳ моҳи соли 2023 январ – сентябр - 7,3 млн. доллари ИМА (содирот- 691 ҳазор доллари ИМА ва воридот – 6,6 млн. доллари ИМА)-ро ташкил дод.
Дар рушди робитаҳои иқтисодии ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария нақши муҳимро мебозад. То имрӯз миёни Тоҷикистон ва Швейтсария се ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ доир гардид.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ
Пояи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дошта, 17 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.
Декабр, 2023