
11 августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Фаррух, бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Италия Пападия дэ Боттини (бо қароргоҳ дар ш. Тошканд) мулоқот баргузор намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили рушди ҳамкории дуҷониба, густариши муносибатҳои минтақавӣ ва ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҷонибҳо омодагии комил барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобила ва амалӣ намудани созишномаҳои мавҷударо доранд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои тақвияти муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо изҳори омодагӣ карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan