Мулоқотҳои сафир дар Гурҷистон

10.09.2025 17:55

6-9 сентябри соли 2025 сафари кории сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон (бо иқоматгоҳ дар Боку) Илҳом Абдураҳмон ба Гурҷистон сурат гирифт, ки дар рафти он мулоқот бо губернатори минтақаи Кахетия Георги Аладашвили ва раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Автономии Аҷария Сулхан Тамазашвили баргузор гардид.

Зимни мулоқотҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо минтақаҳои Гурҷистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид карда шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим