Дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон

27.11.2025 15:14

BINO-VKKH.jpg

Шаби 26 ноябри соли 2025 ҳамлаи мусаллаҳона аз ҷониби қаламрави Афғонистон ба бошишгоҳи кормандони ҶДММ “Шоҳин СМ” воқеъ дар ҳавзаи масъулияти дидбонгоҳи 1-уми сарҳадии “Истиқлол”- отряди сарҳадии “Ёл”-и вилояти Хатлон сурат гирифт.

Ҳамлаи мазкур бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва  дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо нориҷак амалӣ гаштааст, ки дар натиҷаи он се корманди ҶДММ “Шоҳин СМ”  - шаҳрвандони Чин ба ҳалокат расиданд.

Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гуруҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд.

Ҷониби Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гуруҳҳои ҳаросафканро қотеона маҳкум намуда, аз мақомоти феълии Афғонистон барои андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати таъмини суботу амният дар хатти сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя даъват ба амал меоварад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим