18 апрели соли 2026 дар шаҳри Анталия дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия мулоқоти дуҷонибаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия Паула Ранжел баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши робитаҳо ва идомаи муколамаи судманд таъкид карданд.
Официальные страницы Министерства иностранных дел Республики Таджикистан в социальных сетях:
Мы в Фейсбуке: www.facebook.com/mfa.tj
Мы в Tвиттере: www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мы в Телеграме: t.me/mfa_tj
Мы в Инстаграме: instagram.com/mfa_tjk