Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози бақайдгирии намояндагони васоити ахбори оммаро барои пӯшиши иттилоотии Иҷлосияи 35-умини Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 11-15 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, эълон мекунад.
Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии ин чорабиниҳоро доранд, бояд линки мазкурро хонапурӣ намоянд ва ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути телефон (+992 37) 221-83-95 ё нишони электронии pressaccreditation@mfa.tj бо пешниҳоди маълумоти зерин сабти ном шаванд:
1. Ному насаб;
2. Акси 3×4 (қолаби JPEG);
3. Номи ВАО, вазифа, рақами телефони тамос ва суроғаи электронӣ;
4. Нусхаи шиноснома;
5.Маълумот оид ба таҷҳизоти техникии истифодашаванда.
Муроҷиати намояндагони ВАО барои сабти ном то соати 16:00, 1 майи соли 2026 қабул мегардад.
Официальные страницы Министерства иностранных дел Республики Таджикистан в социальных сетях:
Мы в Фейсбуке: www.facebook.com/mfa.tj
Мы в Tвиттере: www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мы в Телеграме: t.me/mfa_tj
Мы в Инстаграме: instagram.com/mfa_tjk