Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ

20.04.2026 16:09

20 апрели соли 2026 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара - вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, аъзои Ҳайати мушовара ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорат баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур натиҷаҳои фаъолияти низоми Вазорати корҳои хориҷӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 ҷамъбаст гардида, нақша ва вазифаҳо барои соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, ҷиҳати омодагӣ ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» дар ш. Душанбе дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардиданд.

 

Официальные страницы Министерства иностранных дел Республики Таджикистан в социальных сетях:

Мы в Фейсбукеwww.facebook.com/mfa.tj

Мы в Tвиттереwww.twitter.com/MID_Tajikistan

Мы в Телеграмеt.me/mfa_tj

Мы в Инстаграмеinstagram.com/mfa_tjk

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим