Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо вазири федеролии тағйирёбии иқлим ва ҳамоҳангсозии муҳити зисти Покистон

25.05.2026 13:22

25.05.2026.13.21.jpg

25 майи соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири федеролии тағйирёбии иқлим ва ҳамоҳангсозии муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мусадиқ Масъуд Малик, ки ҳайъати ин кишварро дар Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 роҳбарӣ менамояд, баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни рушди ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан дар самти обу иқлим мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва дар арсаи байналмилалӣ иброз намуданд.

Мусадиқ Малик ба ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, ки барои эҷоди заминаи устувори байналмилалии ҳамкориҳои мудирияти маъалаҳои об ва рушди устувор роҳандозӣ шудаанд, баҳои баланд дод.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим