Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар

11.09.2026 17:27

 

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор намуданд. Зимни чорабиниҳо роҳбарони муассисаҳои хориҷӣ аз дастовардҳои назарраси кишвар дар даврони Истиқлолият ёдовар шуда, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва нақши афзояндаи кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд.

8 сентябри соли 2026 дар шаҳри Ашхобод ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Туркманистон, аз ҷумла муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев, ҳайати дипломатии муқими Ашхобод, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, васоити ахбори омма ва ҳамватанони муқими Туркманистон иштирок намуданд. 

9 сентябри соли 2026 дар шаҳри Вашингтон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка  (ШМА) чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ёвари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба корҳо бо Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур, намояндагони сохторҳои давлатии ШМА, сенаторон ва аъзои Конгресси ШМА, роҳбарон ва корпуси дипломатӣ, намояндагони доираҳои сиёсӣ, сармоягузорию соҳибкорӣ, илмӣ ва академӣ ва фаъолони ҷомеаи тоҷикон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка иштирок намуданд.

9 сентябри соли 2026 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Бошқирдистон ва Федератсияи Россия, роҳбарони муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, ҷамъиятӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷик дар минтақаҳои Ҳавзаи федералии Приволжия, инчунин ҳамватанон иштирок намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим