7 марти соли 2017 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Хелсинки) Никлас Линдквистро, ки барои иштирок дар машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Тоҷикистон ва Финляндия ба ш.Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чорчӯби ташкилотҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.