9 марти соли 2017 дар Вазорати корҳои хориҷӣ маросими Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаҳои “Беҳдошти инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи II)” ва “Беҳтаргардонии ҳолати кории зеристгоҳҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе” баргузор гардид.
Ёддоштҳои табодулӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока ба имзо расиданд.
Ҳамчунин дар маросими мазкур аз ҷониби Сафири Япония дар Тоҷикистон ва Роҳбари Намояндагии Фонди нуфуси аҳолии СММ лоиҳаи “Тақвиятбахшии хизматрасониҳо оид ба танзими оила барои солҳои 2017-2020» имзо шуд.
