8 марти соли равон дар Маҷмааи намоишгоҳии «Messe Berlin» -и пойтахти Ҷумҳурии Федералии Олмон - шаҳри Берлин Намоишгоҳи навбатии байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin - 2017” расман ба кор оғоз кард, ки то 12 марти соли ҷорӣ идома меёбад. Дар кори он намояндагони беш аз 188 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Ҷумҳурии моро дар ин ҳамоиши калонтарини туристии ҷаҳон масъулини соҳа ва намояндагони як қатор ширкатҳои сайёҳӣ муаррифӣ менамоянд.
Дар доираи Намоишгоҳ таҳти раёсати котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ ҷаноби Толиб Рифоӣ Ҷаласаи навбатии вазирони туризми кишварҳои аъзои барномаи Шоҳроҳи Абрешими Созмони ҷаҳонии туристӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Назарзода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов иштирок намуданд.
