9 марти 2017 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ба муносибати 25-солагии узвияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар СММ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон) зиёфати муштараки расмӣ барпо гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси Маҷмаи Умумии СММ Питер Томсон ба сифати меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин маросим инчунин Намояндагони доимии кишварҳои аъзои СММ, роҳбарон ва коршиносони ниҳодҳои мухталифи СММ ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши аксҳо бахшида ба ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо СММ, аз ҷумла иртиботи бисёрсамтаи СММ бо Тоҷикистон баргузор гардид.
