Имруз, дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон вохурии Сафири Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Хаджыев Вепа Сегсенгельдыевич баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатманди намуда ҷиҳати таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар мавриди масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи марбут ба соҳаҳои сиёсат, тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, саноат, маориф, кишоварзӣ, коркарди нафту газ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт.

