Муҳокимаи ташаббусҳои байналмилалии обии Тоҷикистон дар иқоматгоҳи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD)

13.03.2017 17:29

10 марти соли 2017 дар иқоматгоҳи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) дар Париж мулоқоти намояндаи Сафорати Тоҷикистон бо масъулони бахши об ва рушду инкишофи сабз аз Мудирияти муҳитзистии ин созмони бонуфӯз баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабул гаштани Даҳсолаи «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар Маҷмаи умумии СММ муаррифӣ гардида, аҳамияти он барои пешбарии Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) баён карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории кишварҳо баҳри татбиқи минбаъдаи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ин созмони соҳибмартаба ва кишварҳои шомили он муҳим арзёбӣ мешавад. Намояндагони созмон эълом доштанд, ки мавзӯи муҳити зист ва хусусан масоили обӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти созмон маҳсуб шуда, ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи ташаббуси навтарини байналмилалии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои тавсияҳои вобаста ба об, ки аз ҷониби Шӯрои мудирони ин созмон моҳи декабри соли 2016 тасдиқ гаштаанд,  низ созгор мебошанд.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим