22 марти соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии махсус таҳти унвони "Фаъолияти афзалиятнок оид ба захираҳои об ва офатҳои табиӣ дар даҳсолаи оянда", ки дар қароргоҳи СММ дар ш. Ню-Йорк баргузор гардид, ба ҳайси маърӯзачии асосӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки боиси зарар дидани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мегарданд, таъкид намуд. С. Аслов инчунин аз афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла обшавии миқдори зиёди барфу пиряхҳо ёдовар гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ, С. Аслов изҳори умедворӣ намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор, 2018-2028" ба таҳкими иқтидор ва табодули таҷрибаву дониш, баланд бардоштани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи офатҳои табии вобаста ба об кӯмак хоҳад кард.


