15 январи соли 2014 дар ш. Гаага дар бинои Донишкадаи муносибатҳои байналхалқии “Клингендал” вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев бо Шӯрои академии Донишкада дар мавзӯи “Аҳамияти байлналмилалии таҷрибаи сулҳи тоҷикон” барпо шуд.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти Донишкадаи “Клингендал”, аъзоёни Шӯрои академӣ, сиёсатшиносон, дипломатҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.
Дар баромади худ Сафири Тоҷикистон Рустамҷон Солиев ба ҳозирин дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта ва таҷрибаи ба даст овардани ризоияти миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар маълумоти муфассал дод. Ӯ нақши тақдирсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ, барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии он, ноил гаштан ба сулҳ, ваҳдат, субот ва пешрафт, татбиқи ислоҳоти самараноки сиёсӣ ва иқтисодӣ, пешбурду ҳимояи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ тавассути амалисозии сиёсати “дарҳои кушода” таъкид сохт. Ҳамзамон, аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва илмии омӯзиши намунаи нодири танзими муноқишаи дохилии Тоҷикистон ва ба даст овардани ризоияти миллӣ ва сулҳу субот аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла татбиқи он зимни ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон, қайд гардид.
Иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба масоили сулҳу субот дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон табодули назар карданд. Онҳо ба таҷрибаи ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шарофати роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, зарурати омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи нодири ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро барои танзими мусолиҳатомези муноқишаҳои маҳаллӣ тазаккур доданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба ҳар як нафар китоби “Меъмори сулҳ” тақдим гардид.