Муносибатҳои Тоҷикистон бо Индонезия

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия 27 августи соли 1994 барқарор шудаанд. Тиҷорат. Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари дӯст дар асоси Созишномаи тиҷоратӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ мегарданд. Маориф. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф имзо гардида, танзимдарории он дар барномаҳои гуногуни таълимию омӯзишӣ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар чаҳорчӯбаи барномаи Дармасисваи Ҷумҳурии Индонезия (барномаи омӯзишии бурсиявӣ барои хориҷиён) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши фарҳанг ва забони индонезӣ дар он кишвар таҳсил мекунанд. Фарҳанг. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Сафорати Ҷумҳурии Индонезия дар Остона бо мақсади шиносоии бештари мардуми Тоҷикистон бо фарҳанг ва тамаддуни Ҷумҳурии Индонезия маҳфили фарҳангӣ дар бораи таърих, фарҳанг ва дастовардҳои миллии кишвари Индонезия баргузор намуд.

Нигористон

Тақвим