22 январи соли 2014 дар чаҳорчӯби машваратҳои кишварҳои аъзои СҲШ ва кишварҳои нозир дар назди СҲШ дар Москва мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зохидов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпур барпо гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, фарҳанг ва маорифро мавриди баррасӣ қарор дода, рағбати ду кишвари дӯстро барои таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои номбаршуда таъкид намуданд.