Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Раиси Кумитаи сармоягузории Арабистони Саудӣ

02.04.2014 09:00

1 апрели соли 2014 дар Риёз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллатиф ибни Аҳмад ал-Усмон, ки ҳамзамон Раиси қисмати саудии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар мебошад, мулоқот намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаҳое, ки дар нахустин иҷлоси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, августи соли гузашта дар Душанбе муаррифӣ шуда буданд, баррасӣ гардиданд.

Мусоҳибон таъкид намуданд, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ абзори муҳим барои густариш ва таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишвар мебошад.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Раиси Кумитаи сармоягузории Арабистони Саудӣ

Нигористон

Тақвим