Супурдани нусхаи эътиборномаҳои Сафирони навтаъйини Фавқулода ва Мухтор ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.03.2014 14:00

5 марти соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафирони навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Матар Саид Ҳаза ал-Катбӣ, Ҷумҳурии Судон Муҳаммад Илёс Муҳаммад Илҳоқ, Давлати Фаластин Муҳаммад Таршаҳонӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Абдусаттор Муҳаммад ал-Бадрӣ ва Ҷумҳурии Корея Ли Ук-хёнро ба муносибати супурдани эътиборномаҳо ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқотҳое, ки сурат гирифтанд, масъалаҳои дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва кишварҳои мазкур дар заминаҳои гуногун баррасӣ гардиданд.

Нигористон

Тақвим