Баромади Вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии махсус ҷиҳати баррасии натиҷаҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”

12.03.2014 08:00

БАРОМАДИ
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии махсус ҷиҳати баррасии натиҷаҳои «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва амалҳои минбаъда

(11 марти соли 2014, қароргоҳи СММ, Ню Йорк)


Муҳтарам хонум Бокова, Мудири кулли ЮНЕСКО,
Муҳтарам хонум Микилеску, Муовини Президенти Маҷмаи Умумии СММ,
Муҳтарам ҷаноби Сет, Мудири Шуъбаи рушди устувори Идораи СММ дар умури иқтисодиву иҷтимоӣ,
Муҳтарам Намояндагони доимӣ дар назди СММ,
Хонумон ва ҷанобон,

Чуноне ки қаблан ишора шуда буд, соли 2013 ҷомеаи ҷаҳонӣ Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҷашн гирифта буд. Давоми соли 2013, илова бар чорабиниҳое, ки тибқи Қатъномаи 67/204 Шӯрои амнияти СММ баргузор шуда буданд, бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳ ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об якчанд чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ барпо гаштанд. Ҳамзамон, боиси тазаккур аст, ки баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар соли нахустини мубоҳисаҳои байниҳукуматӣ бахшида ба татбиқи қарорҳои Конфронси рушди устувор “Рио+20” рост омад. Ҷидду ҷаҳди Гуруҳи корӣ ҷиҳати ҷалби бештари таваҷҷуҳ ба ҳадафҳои рушди устувор, ҳамаи моро водор сохтааст, то дар мубоҳисаҳои бахшида ба роҳу усулҳои ноил шудан ба он ҳадафҳо фаъолона иштирок намоем. Бояд алоҳида қайд намуд, ки бо назардошти шабеҳии вазифаҳои ноилшавӣ ба мудирияти устувори захираҳои обӣ дар чаҳорчӯби “Рио+20”, санадҳои марбутаи он Кофронс пайваста дар марказӣ диққати Гуруҳи корӣ қарор доштанд.

Имрӯз мо на фақат барои натиҷагирии Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷамъ омадаем. Мақсад аз чорабинии имрӯза ҳамчунин муайян кардани воситаҳои таҳкиму тақвияти дастовардҳои Соли зикршуда мебошад. Аз ин лиҳоз, мехостам бо истифода аз фурсати муносиб баъзе фикру мулоҳизаҳои худро ба шумо иброз дорам.

Қабл аз ҳама мехоҳам қайд намоям, ки Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об барои афзудани огоҳӣ дар хусуси чолишҳо марбут ба захираҳои обӣ, қавӣ шудани дониши мо дар ин самт, пайдо кардани роҳу усулҳои иловагӣ барои ҳалли мушкилоти истифодаи захираҳои обӣ ва таъмин бо оби ошомиданӣ нақши созанда бозидааст. Дар баробари ин, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об барои ташвиқи муколама ва ҳамкорӣ ҷиҳати муайян кардани усулҳои мукаммалу барои ҳама муфид ва одилонаву самараноки истифодаи захираҳои обӣ саҳми арзанда дорад. Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ба огоҳшавиии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳамбастагии масъалаҳои обӣ ва дигар унсурҳои рушди устувор низ саҳми назаррас дорад. 22 март мо Рӯзи байналмилалии обро ҷашн мегирем. Чунон ки шумо ҳама огоҳ ҳастед, мавзӯи ҷашни имсолаи Рӯзи байналмилалии об ба ҳамбастагии обу энергетика бахшида шудааст. Ба наздиқӣ, Президенти Маҷмаи Умумии СММ мубоҳисаҳои умумиро атрофи ин мавзӯъ баргузор намуд, ки дар рафти он миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Охири соли 2013, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти зарурати роҳандозии ҳамоҳангии бештар ҷиҳати мудирияти самараноки захираҳои обӣ, қарор қабқл намудааст, ки Вазорати иқтисод ва энергетикаро бо Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об якҷоя намояд. Бо назардошти он ки 98% барқи кишвар дар нерӯгоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад, қарори мазкур аз аҳамият холӣ нест.

Ба назари ман, дигар натиҷаи муҳими Соли байналмилалӣ тақвияи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зарурати истифодаи захираҳои обӣ дар асоси усули ҳамрушдӣ мебошад. Имрӯз ҳаёти як инсон ё ҷомеаи алоҳидаро дар танҳоӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Мо бар онем, ки усули ҳамрушдӣ барои таъсиси заминаи васеи ҳамоҳангии манофеи муштарак дар соҳаи истифодаи захираҳои обӣ, чӣ дар сатҳӣ маҳаллию миллӣ ва чӣ дар сатҳи минатқавию ҷаҳонӣ, мусоидат хоҳад кард.

Яке аз натиҷаҳои дигари муҳиме, ки баъди Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ба даст омадааст, ин дарки ҳамаҷонибаи зарурати истифодаи захираҳои обӣ дар заминаи илмӣ мебошад. Татбиқи воситаҳои самараноки табодули илмӣ, мушоҳидаҳову тадқиқотҳои муштарак барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи об саҳми арзанда дорад. Чунин ҳамкорӣ махсусан дар шароити имрӯзаи таъсири ногувори тағиёрбии иқлим ба захираҳои обии минтақаҳои гуногуни ҷаҳон хеле муҳим аст.

Илова бар ин, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015, ки тибқи Катъномаи № 58/217 Шӯрои амнияти СММ эълон шудааст, мусоидат мекунад. Даҳсолаи зикршуда, ки бо мақсади амалӣ кардани ҳадафҳои рушд дар соҳаи об ва санитария эълон шуда буд, ба итмом расида истодааст. 22 марти 2015 мо на танҳо аз раванди татбиқи Даҳсола натиҷагирӣ мекунем, балки мушкилиҳоеро, ки ҳангоми татбиқи он Даҳсола бархоста буданд, арзёбӣ мекунем. Вобаста ба ин, омӯзиши натиҷаҳои татбиқи Даҳсола ва истифодаи комёбиҳои ба дастомада зимни татбиқи минбаъдаи он ҳадафҳо хеле муҳим аст. Бино бар ин, мехостам баргузории чорабинии сатҳи баландро бахшида ба натиҷагирии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015-ро 22 марти соли 2015 пешниҳод намоям.

Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,

Дар интиҳои сухани худ мехостам аз Намояндагиҳои доимӣ – аъзоёни Кумитаи ҳидояткунандаи Гурӯҳи дӯстони об ва Котиботи СММ-об барои баргузории чорабинии имрӯза арзи сипос намоям. Махсусан мехостам ба нотиқон ва барандагони маҷлиси имрӯза изҳори миннатдорӣ кунам.

Нигористон

Тақвим