Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов 10 октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочи иштирок кард.
Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд. Инчунин, ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба дастгирии институти оила ва арзишҳои анъанавии оилавӣ, мукаммалсозии фаъолияти ИДМ ва мутобиқсозии он ба воқеияти муосир, таъин намудани муассисаҳои заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаҳои алоҳида ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Оид ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул шуд.