Иштироки Президент дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

11.10.2017 17:32

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Молдова Игор Додон, Президенти Россия Владимир Путин, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Сарвазири Қирғизистон Сапар Исаков иштирок карданд.

Ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ нахуст дар ҳайати маҳдуд ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии давлатҳои узв баргузор гардида, дар он масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди ҳамкориҳои минбаъда дар риштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар бахшҳои калидии фаъолияти иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз нақшаву ниятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ, ки дар соли оянда ба уҳдаи кишвари мо вогузор мегардад, ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон Консепсияи раиси дар иттиҳод ва нақшаи иҷрои онро таҳия карда, дар татбиқи ҳадафмандонаи он ҳамаҷониба саҳм мегузорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти ҳамкориҳои давлатиро дар соҳаҳои иқтисоду энергетика, саноат, нақлиёту инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират, гуманитарию инноватсионӣ ва ҳифзи муҳити зист аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Иттиҳод барои давраҳои оянда арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин замина татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳод барои давраи то соли 2022 ва Аҳднома дар бораи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ махсус таъкид карда шуд.

Доир ба тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва амниятиву мудофиавӣ дар доираи иҷрои Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими амнияти марзӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Ҳамчунин ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи узвият дар СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаи Шӯро ҳамзамон ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҷалб карда шуд.

Дар кори ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ хамчунин доир ба ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод дар масъалаи мубориза бо коррупсия, ҳамоҳангсозии фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва мутобиқсозии он ба таҳдидҳои муосир, эълон намудани соли 2019 - Соли китоб ва масъалаҳои вобаста ба раёсат дар иттиҳоду  муайян намудани макон ва санаи  баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои он табодули афкор  намуданд.

Вобаста ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд ва раёсат дар ИДМ дар соли 2018 ба ҷониби Тоҷикистон вогузор гардид.

Иштироки Президент дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил


Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)

Нигористон

Тақвим