Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ

31.03.2014 17:54

30 марти соли 2014 дар Ҷидда мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд ибн Амин ал-Маданӣ баргузор гардид.

Мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони мазкур ва масъалаҳои дигари байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Дабири кулл нақши Тоҷикистонро дар тавсеаи фаъолиятҳои Созмон сутуда, изҳор намуд, ки Созмон хостори таҳкими  ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар асоси Барномаи амал мебошад.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ

 

Нигористон

Тақвим