Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои палатаҳои Подшоҳии Арабистони Саудӣ

01.04.2014 10:20

31 марти соли 2014 дар Риёз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Раиси Шӯрои палатаҳои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Саид ал-Мабтӣ дидор намуд.

Дар мулоқоти мазкур зарурати барқарор намудани ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои палатаҳои Арабистони Саудӣ таъкид гардид.

Мусоҳибон изҳор намуданд, ки имконоту зарфиятҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, ба вежа бахши хусусӣ вуҷуд доранд.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои палатаҳои Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Нигористон

Тақвим