1 апрели соли 2014 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Муовини директори Маркази пешгирии муноқишаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Раса Остраускайте баргузор гардид.
Мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА ва масъалаҳои дигари байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор намуданд.