Бо даъвати ҷониби Озарбойҷон 2-3 апрели соли 2014 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Ҷумҳурии Озарбойҷон доир мегардад.
Дар назар аст, ки зимни сафари мазкур Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазирад. Инчунин мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтои озарбойҷонии ӯ Элмар Мамедъяров ва Вазири иқтисод ва саноат Шоҳин Мустафаев, ки ҳамзамон Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад, пешбинӣ шудаанд.