Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи 1992 барқарор шуд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон 18 июли 1995 ифтитоҳ гардид.
Дар тӯли 30 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои 1995, 1996, 1997, 1998, 2000, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013 ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1997, 2000, 2002, 2004, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2014, 2019, 2021 сафар намудаанд.
Сафарҳои Вазири корҳои хориҷии Эрон ба Душанбе солҳои 1991, 1996, 1997, 1999, 2000, 2001, 2002, 2008, 2013, 2017, 2018 ва сафарҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон солҳои 1992, 1994, 2008, 2014, 2019, 2021 баргузор гардидаанд.
Байни ду кишвар ҳудуди 180 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 14 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
Дар соли 2021 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон 120 млн. 979,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин маблағ 82 млн. 50,3 ҳазор доллар содирот ва 38 млн. 928,9 ҳазор доллар воридот мебошад.
То ба имрӯз панҷ даври машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва Теҳрон доир шуда, нишасти охирин дар таърихи 11 майи 2022 дар Душанбе баргузор гардид.
Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак мебошанд.