Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Вазири корҳои хориҷии Беларус

01.04.2014 18:15

4 апрели соли 2014 дар шаҳри Москва дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макей доир гардид.

Зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба муҳокима гардида, доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт, инчунин ҷанбаҳои сиёсии ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гаштанд.

Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Беларус дар чаҳорчӯбаи Комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамчун институти ҳамоҳангсози татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда дар соҳаҳои кишоварзӣ саноати хӯрокворӣ ва сабук, инчунин бунёди корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва мошинсозӣ, баҳои баланд доданд.

Нигористон

Тақвим