Дидори Вазири корҳои хориҷӣ бо Валиаҳди Арабистони Саудӣ

01.04.2014 16:20

1 апрели 2014 дар Риёз Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои вазирон ва Вазири дифои Подшоҳии Арабистони Саудӣ амир Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро, ки дар сафари расмӣ дар он кишвар мебошад, ба ҳузур пазируфт.

Дар дидори мазкур Вазири корҳои хориҷии кишвари мо паёми расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд супорид. Дар он паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни изҳори рағбат ба густариш ва таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар, аз Подшоҳи Арабистони Саудӣ даъват ба амал овардааст, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварад. Даъвати мазкур бо изҳори сипос пазируфта шуд.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногун мавриди мубодилаи афкор қарор гирифтанд.

Дидори Вазири корҳои хориҷӣ бо Валиаҳди Арабистони Саудӣ

Нигористон

Тақвим