Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Вазири иқтисод ва барномарезии Арабистони Саудӣ

01.04.2014 10:00

Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 31 марти 2014 дар Риёз  бо Вазири иқтисод ва барномарезии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ал-Ҷосир мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки бахши хусусӣ дар густариши ҳамкории иқтисодии дуҷониба нақши калидӣ хоҳад дошт.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ  бо Вазири иқтисод ва барномарезии Арабистони Саудӣ

Нигористон

Тақвим