11 апрели соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Агибай Смагуловро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳавасмандии ҷонибҳо перомуни таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор карда шуд.