16 апрели соли 2014 сафари Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Туркманистон баргузор гардид.
Дар доираи сафар Вазири корҳои хориҷиро Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимухамедов ба ҳузур пазируфт, инчунин мулоқоти С.Аслов бо Муовини раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов доир гардиданд.
Дар рафти вохӯриҳо ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карда, оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Ҳамчунин тарафҳо ҷанбаҳои сиёсии ҳамкориҳои мутақобиларо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон мавқеи ҳамсон баён доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар пояи усулҳои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва ҳамкории шарикӣ асос ёфта, дар тавсеаи ин муносибатҳо муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ нақши муҳимро мебозад.
Ҷонибҳо аҳамияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро дар густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, саноат, энергетика, маориф ва фарҳанг изҳор намуда, зарурати истифодаи васеи иқтидори кишварҳоро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ таъкид сохтанд.