18 апрели соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Коикэро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, алалхусус роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф, энергетика ва обтаъминкунӣ мубодилаи афкор намуданд.