20 ноябри соли 2018 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Женева чорабинии ҳарсолаи хайриявӣ - «Бозори СММ» барпо гардид. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҷаҳон дар назди СММ, дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуд.
Ба меҳмонони чорабинӣ намунаҳои ҳунарҳои миллии Тоҷикистон, ҳӯроки миллӣ, инчунин маълумот дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳод гардид.
Бояд қайд намуд, ки лавҳаи Тоҷикистон дар чорабинии зикргардида таҳти унвони ''Соли 2018 “Cоли рушди cайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон'' муаррифӣ гардида, ба иштироккунандагон оид ба ин ташаббуси Президенти кишварамон маълумот пешниҳод гардид.