Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба 70-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

19.12.2018 13:07

18 декабри 2018 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба ҳайси Раиси Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба 70-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва 25-умин солгарди Эъломияи Вена ва Барномаи амали он суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ, аз номи Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ иброз дошт, ки ҳуҷҷатҳои мазкур ормонҳои муштарак ва иродаи умумии ҷомеаи ҷаҳониро барои манфиати инсоният таҷассум менамоянд.

М. Маҳмадаминов инчунин таъкид кард, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар худ ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шаҳрвандиву сиёсиро дар бар мегирад, ки онҳо танҳо дар ҳамоҳангӣ бо якдигар метавонанд муваффақ бошанд. Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба 70-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба 70-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим