Таҷлили Наврӯз дар Давлати Қатар

22.03.2019 10:00

21 марти соли 2019 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо ташаббуси сафоратҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон дар ин кишвар ва бо иштироки намояндагони дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҳамоиши идона ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода зимни ироаи табрикот ба муносибати  Наврузи хуҷастапай оид ба фалсафаи инсонпарварию зебоипарастӣ ва рисолати сулҳофарию созандагии ин ҷанши бостонӣ суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ инчунин суфраҳои ҳафтсину ҳафтшин бо таомҳои миллии мардумони ҳавзаи Наврӯз ороста шуд.

nawruz2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим