Муаррифии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Қатар

23.03.2019 16:38

Аз 19 то 22 марти соли 2019 дар шаҳри Давҳа 7-умин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ “Агротек-2019” бо иштироки зиёда аз 160 ширкат аз 40 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.

Бо дастгирии Вазорати шаҳрсозӣ ва муҳити зисти Давлати Қатар дар ғурфаҳои намоишгоҳи мазкур, ки бузургтарин майдон барои муаррифии маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ дар минтақаи Халиҷ ва Шарқи Наздик маҳсуб мешавад, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар ва ширкати тоҷикистонии “Акбар- С” маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла анвои гуногуни сабзавот, меваҳои тару хушк ва асали Тоҷикистонро низ ба намоиш гузоштанд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ мулоқоту гуфтушунидҳои судманд бо соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии Қатар сурат гирифтанд, ки дар рафти онҳо роҳҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва меваҳои тару хушк аз Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ шудаанд.

Ҳамчунин қарор шуд, ки ба мақсади рушди робитаҳои судманди тичоратӣ байни ду кишвари дӯст дар шаҳри Давҳа дар моҳҳои наздик Маркази фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроквории Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад гардид.

IMG-20190324-WA0026.jpg

Нигористон

Тақвим