Мулоқот бо Директори генералии Кумитаи танзими корҳои хайриявии Давлати Қатар

02.04.2019 17:50

31 марти соли 2019 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар бо Директори генералии Кумитаи танзими корҳои хайриявии Давлати Қатар Иброҳим Абдуллоҳ Дуҳаймӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои иҷтимоию гуманитарӣ ва татбиқи лоиҳаҳои рушд ва инчунин густариши минбаъдаи чунин ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Mulokot-bo-Direktori-Kumitai-tanzimi-korkhoi-khairiyavi.jpg

 

Нигористон

Тақвим