Мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон

05.04.2019 11:37

4 апрели соли 2019 мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош доир гардид.

Зимни мулоқот масоили равобити дуҷониба, роҳҳои густаришу тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои мавриди назари тарафҳо дар ростои татбиқи мувофиқатҳои зимни сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (октябри соли 2018) ба даст омада, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим