9 апрели 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ва гурӯҳи олимони арабшиноси тоҷик бо роҳбарии Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи нахустин Конфронси арабшиносони Осиё иштирок намуданд. Олимони тоҷик дар кори конфронс бо маърӯзаҳои илмии худ сухан хоҳанд гуфт.
Дар ҳошияи конфронс, ки бо иштироки олимони арабшинос аз 18 кишвари осиёӣ дар шаҳри Риёз ҷараён дорад, мулоқотҳои дуҷонибаи олимони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷияшон ва ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳанд шуд.